Бо дастури Пешвои миллат имсол 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта мешавад

Февраль 16, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 16.02.2021/АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор карда шавад.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди адиб тибқи супориши Сарвари давлат тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот то аввали моҳи майи соли 2021 бахшида ба ҷашни шоири бузург конференсияи ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор карда, дар матбуоти даврӣ доир ба хизматҳои шоистаи Мирзо Турсунзода мақолаҳои илмиву оммавӣ ба нашр бояд расонанд. Ҳамзамон озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин иншо дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзўи «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дўстӣ» баргузор карда мешавад.

Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки аз ашъори Мирзо Турсунзода барномаи консертӣ омода карда, онро дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор намояд. Ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар мавзўи «Маҳорати шоирии Мирзо Турсунзода» мизи мудаввар доир намояд.

Рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) муваззаф шуданд, ки зери рубрикаи «Ба истиқболи 110-солагии Мирзо Турсунзода» мақолаҳо интишор гардонанд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба 110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чорабиниҳои илмиву адабӣ доир намоянд.

Кумитаи телевизион ва радио, муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» вазифадор гардиданд, ки доир ба фаъолияти адабиву эҷодии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода филмҳо ва барномаҳои алоҳида омода карда, пешкаши тамошобинон намоянд.

                                       АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон