Бо курсантони Литсеи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мулоқот доир шуд

Февраль 6, 2021 10:34

ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи сарбозон, тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ бо таълимгирандагон–курсантони Литсеи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти самимию хотирмон сурат гирифт. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, Раиси Шӯрои куҳансолон Ғайбулло Афзалов, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттори Шоҳиён, муовини Раиси  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Азизулло Мирзозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок намуданд.

Муовини Вазири мудофиа Абдусаттори Шоҳиён дар бораи хизмати сарбозӣ, шароити муҳайёнамудаи давлату Ҳукумат барои низомиён, таърихи таъсис ёфтани Артиши миллӣ  ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муассиси Артиши миллии Тоҷикистон сухан гуфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар хусуси сиёсати устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Ваҳдати миллӣ, нақши Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, зарурати таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мулоҳизаҳояшро баён кард. Ӯ сулҳу ваҳдатро яке аз арзишҳои муҳимтарини Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дониста, аз курсантони ин мактаби ҳарбӣ даъват кард, ки вазифаи асосии онҳо ҳифзи Ватан аст, зеро онҳо дар ин литсей нозукиҳои касби ҳарбиро меомўзанд ва барои дифои хоки поку муқаддаси Ватан-Модар ҳамеша бояд омода бошанд.

Рудобаи Мукаррам аз таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ, дар мисоли ДОИШ ва ТЭТ ҲНИ ва дигар зуҳуроти номатлуб изҳори нигаронӣ карда, курсантонро ба дӯст доштани Ватан-Модар даъват намуд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин Раиси Шӯрои куҳансолон Ғайбулло Афзалов, муовини Раиси  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну  маросим Азизулло Мирзозода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ сухан гуфтанд.

Февраль 6, 2021 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?