Бо курсантони Литсеи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи сарбозон, тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ бо таълимгирандагон–курсантони Литсеи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти самимию хотирмон сурат гирифт. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, Раиси Шӯрои куҳансолон Ғайбулло Афзалов, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттори Шоҳиён, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Азизулло Мирзозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок намуданд.
Муовини Вазири мудофиа Абдусаттори Шоҳиён дар бораи хизмати сарбозӣ, шароити муҳайёнамудаи давлату Ҳукумат барои низомиён, таърихи таъсис ёфтани Артиши миллӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муассиси Артиши миллии Тоҷикистон сухан гуфт.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар хусуси сиёсати устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Ваҳдати миллӣ, нақши Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, зарурати таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мулоҳизаҳояшро баён кард. Ӯ сулҳу ваҳдатро яке аз арзишҳои муҳимтарини Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дониста, аз курсантони ин мактаби ҳарбӣ даъват кард, ки вазифаи асосии онҳо ҳифзи Ватан аст, зеро онҳо дар ин литсей нозукиҳои касби ҳарбиро меомўзанд ва барои дифои хоки поку муқаддаси Ватан-Модар ҳамеша бояд омода бошанд.
Рудобаи Мукаррам аз таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ, дар мисоли ДОИШ ва ТЭТ ҲНИ ва дигар зуҳуроти номатлуб изҳори нигаронӣ карда, курсантонро ба дӯст доштани Ватан-Модар даъват намуд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин Раиси Шӯрои куҳансолон Ғайбулло Афзалов, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Азизулло Мирзозода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ сухан гуфтанд.








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






