Дабири кулли СААД ба Тоҷикистон меояд

Февраль 16, 2021 12:32

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СААД Станислав Зас (ДАР АКС) имрӯз ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Созмон хабар додааст. Мушаххас шудааст, ки сафари расмии Дабири кулли СААД се рӯз, аз 16 то 19 феврал идома хоҳад ёфт.

Дар ҷараёни сафари худ Станислав Зас бо Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард ва  мавзӯи асосии муколама иҷрои қарорҳои иҷлосияи ШАД ва иҷрои самтҳои афзалиятноки СААД дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2021 хоҳад буд.

Инчунин дабири кулли СААД бо вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиаи Тоҷикистон, Котиби Шӯрои амнияти кишвар, роҳбарони КДАМ ва Қӯшунҳои марзбонии кишвар музокирот анҷом медиҳад.

Ин маълумотро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ тасдиқ кард.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) -созмони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои амният мебошад, ки дар ҳоло шаш давлат иштирокчии он мебошанд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон. Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ (ШАД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо шуда буд.

                                                         АКС аз бойгонӣ

Февраль 16, 2021 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид