Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Рашт бо мақсади фаҳмонидани моҳияти Паёми Пешвои миллат вохӯриҳо доир мешаванд
РАШТ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо аҳли ҷамоат суҳбату вохӯриҳо ташкил намуда, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ба мардум шарҳу тафсир намуда истодаанд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ин вохӯриҳо зикр мегардад, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои ҳадафҳои созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар он ҳамчун чароғи роҳнамо ва пешбарандаи ҷомеа маҳсуб шуда, татбиқи нақшаю вазифаҳои гузошташуда барои имрӯзу фардои ҷомеаро дар бар мегирад.
Масъулин зимни вохӯриҳо доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун сухан гуфта, иштирокдоронро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ даъват менамоянд.
Дар анҷоми мулоқотҳо шахсони саховатманду эҳсонкоре, ки дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳм доранд, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ мешаванд. Ҳамзамон соҳибкорони маҳаллӣ барои вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии қишри осебпазири ҷомеа даъват мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






