Дар Қандаҳори Афғонистон «Толибон» талафоти сангин диданд

Февраль 5, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи миллии Афғонистон аз талафоти сангини “Толибон” дар атрофи вулусволиҳои Арғандоб, Панҷвоӣ ва Дандии вилояти Қандаҳор хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Афғонистон Khaama Press. 

Вазорат имрӯз, 5 феврал бо нашри як хабар эълон намудааст, ки ҷангиёни “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дирӯз дар ноҳияҳои Арғандоб, Панҷвоӣ ва Дандии вилояти Қандаҳор ҷамъ шуданд ва қасд доштанд, ки ба неруҳои давлатӣ ҳамла кунанд.

Дар натиҷаи амалиёти муштараки неруҳои қудратию амниятии кишвар ва ҳимояти қувваҳои ҳавоӣ 62 толиб кушта ва 23 нафари онҳо маҷрӯҳ шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин задухӯрд ду мавзеи пӯшидаи “Толибон” бо миқдори зиёди силоҳҳои вазнин ва сабук ва лавозимоти ҷангӣ нобуд карда шуд.

Инчунин дар вулусволиҳои Арғандоб, Панҷвоӣ ва Майванди ин вилоят 83 минае, ки ҷангиёни “Толибон” барои ҳадаф қарор додани ғайринизомиён ва хизматчиёни ҳарбӣ хобонида буданд, аз ҷониби як гурӯҳи муҳандисӣ — минаковии артиши 205-ум ошкор ва безарар карда шуданд.

Февраль 5, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд