Дар Қандаҳори Афғонистон «Толибон» талафоти сангин диданд

Февраль 5, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи миллии Афғонистон аз талафоти сангини “Толибон” дар атрофи вулусволиҳои Арғандоб, Панҷвоӣ ва Дандии вилояти Қандаҳор хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Афғонистон Khaama Press. 

Вазорат имрӯз, 5 феврал бо нашри як хабар эълон намудааст, ки ҷангиёни “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дирӯз дар ноҳияҳои Арғандоб, Панҷвоӣ ва Дандии вилояти Қандаҳор ҷамъ шуданд ва қасд доштанд, ки ба неруҳои давлатӣ ҳамла кунанд.

Дар натиҷаи амалиёти муштараки неруҳои қудратию амниятии кишвар ва ҳимояти қувваҳои ҳавоӣ 62 толиб кушта ва 23 нафари онҳо маҷрӯҳ шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин задухӯрд ду мавзеи пӯшидаи “Толибон” бо миқдори зиёди силоҳҳои вазнин ва сабук ва лавозимоти ҷангӣ нобуд карда шуд.

Инчунин дар вулусволиҳои Арғандоб, Панҷвоӣ ва Майванди ин вилоят 83 минае, ки ҷангиёни “Толибон” барои ҳадаф қарор додани ғайринизомиён ва хизматчиёни ҳарбӣ хобонида буданд, аз ҷониби як гурӯҳи муҳандисӣ — минаковии артиши 205-ум ошкор ва безарар карда шуданд.

Февраль 5, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СУТ: иртибот байни ваксинаҳои AstraZeneca ва тромбоз имконпазир аст, аммо пайдошавии тромбҳо — рӯйдоди бениҳоят нодир
Бар асари таркиш дар Нангарҳори Афғонистон ду нафар ҳалок ва 18 тани дигар маҷрӯҳ шуданд
Неруҳои амниятии Афғонистон чанде аз рустоҳои вулусволии Нусайи вилояти Бадахшонро аз «Толибон» бозпас гирифтанд
Шаш корманди полис ва низомиёни амнияти миллӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон кушта шуданд
Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон дар натиҷаи таркиш кушта шуд
Неруҳои Амрико мавзеъҳои «Толибон»-ро дар Қандаҳори Афғонистон бомбаборон карданд
Ашхоси мусаллаҳи ношинос собиқ роҳбари вулусволии Чархи Лӯгарро дар Кобул террор карданд
Автомашинаи устодони Донишгоҳи Бағлони Афғонистон ҳадафи ҳамлаи ҷангҷӯён қарор гирифт
Таркиши навбатӣ дар Кобул боиси маҷрӯҳ шудани 15 нафар гардид
СУТ аз ҳолати даст кашидани чанд мамлакати Иттиҳоди Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca ба ташвиш омадааст
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ: 76 сол пеш Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА пойтахти Японияро бомбаборон карданд
Иҷрокунандаи вазифаи сардори полиси яке аз ноҳияҳои вилояти Ғазнии Афғонистон кушта шуд

Маводҳои таҳлилӣ