Дар боғоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои пешгирии таъсири сардӣ корҳои дудмонӣ ҷараён доранд

Февраль 26, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар боғҳои Ҷамоати деҳоти Исмоил ва «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тавсияи мутахассисон ҷиҳати пешгирии таъсири сардӣ корҳои дудмонӣ ба роҳ монда шуда, барои эмин нигоҳ доштани дарахтон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта истодаанд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни корҳои боғот боздид намуд.

Гармиҳои аввалҳои моҳи феврал боиси бедор шудани табиат ва муғчабандии дарахтон дар минтақаҳои нисбатан гармтари вилоят, аз ҷумла Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулову Спитамен гардид. Аммо чанд рӯзи охир ҳарорати ҳаво дубора паст шуда, эҳтимоли зиён дидани дарахтони мевадиҳанда ба вуҷуд омад.

Дар ин замина бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои пешгирии таъсири ҳавои сард ба дарахтони мевадиҳанда гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар боғоти навоҳӣ корҳои биокимиёвӣ ва дудмониро фавран ба роҳ монданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои  фаврӣ баҳри пешгирӣ аз хисорот супоришҳо дода, таъкид кард, ки дар ин шабу рӯз бояд кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон ҷиҳати пешгирии таъсири сардӣ дар боғот ва эмин нигоҳ доштани дарахтон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Февраль 26, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд