Дар доираи аксияи «Ба Ватан содиқам» зиёда аз 20 000 маводи таблиғотӣ тақсим гардид

Февраль 24, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-23 феврал бо ташаббуси   Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»  дар қаламрави мамлакат таҳти унвони «Ба Ватан содиқам» аксия доир гардид.

Дар доираи аксияи мазкур ва чорабиниҳои ҷашнӣ бо иштироки муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Далер Қобилзода сарбозони бемор  ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аёдат шуда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида шуданд.

Тавре раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»  Оятулло Аҳмадзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, илова бар ин, аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳои Бадахшон, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми адои хизмат ҳалок ва ё маъюб гардидаанд, маводи озуқаворӣ расонида шуда, дар қисмҳои ҳарбӣ чорабиниҳои гуногун доир гардиданд. Инчунин ба 320 оилаҳое, ки фарзандонашон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҳалок гаштаанд, кумакҳои моддӣ расонида шуд. Дар ҳамдастӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе чорабиниҳои идона доир гардида, барои сарбозон хӯроки яквақтаина ташкил гардид.

-Дар доираи аксияи мазкур зиёда аз 21 ҳазору  550 адад маводи таблиғотӣ ба шаҳрвандони мамлакат тақсим карда шуд. Аз ҷониби дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Пешвои миллат-поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш ва дар қисми ҳарбии  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозон мулоқот доир шуд, -афзуд Оятулло Аҳмадзода.

Ҳамзамон дар Кохи «Афсарон» таҳти унвони «Ба Ватан содиқам!» ҳамоиши афсарону сарбозон доир шуда, ба сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

-Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки дар мулоқот бо хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муносибати 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, нақшаи чорабиниҳои иловагӣ таҳия намуда, онро мавриди амал қарор медиҳад,- зикр кард Оятулло Аҳмадзода.

Февраль 24, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд