Дар доираи аксияи «Ба Ватан содиқам» зиёда аз 20 000 маводи таблиғотӣ тақсим гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-23 феврал бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар қаламрави мамлакат таҳти унвони «Ба Ватан содиқам» аксия доир гардид.
Дар доираи аксияи мазкур ва чорабиниҳои ҷашнӣ бо иштироки муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Далер Қобилзода сарбозони бемор ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аёдат шуда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида шуданд.
Тавре раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, илова бар ин, аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳои Бадахшон, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми адои хизмат ҳалок ва ё маъюб гардидаанд, маводи озуқаворӣ расонида шуда, дар қисмҳои ҳарбӣ чорабиниҳои гуногун доир гардиданд. Инчунин ба 320 оилаҳое, ки фарзандонашон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҳалок гаштаанд, кумакҳои моддӣ расонида шуд. Дар ҳамдастӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе чорабиниҳои идона доир гардида, барои сарбозон хӯроки яквақтаина ташкил гардид.
-Дар доираи аксияи мазкур зиёда аз 21 ҳазору 550 адад маводи таблиғотӣ ба шаҳрвандони мамлакат тақсим карда шуд. Аз ҷониби дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Пешвои миллат-поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш ва дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозон мулоқот доир шуд, -афзуд Оятулло Аҳмадзода.
Ҳамзамон дар Кохи «Афсарон» таҳти унвони «Ба Ватан содиқам!» ҳамоиши афсарону сарбозон доир шуда, ба сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
-Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муносибати 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, нақшаи чорабиниҳои иловагӣ таҳия намуда, онро мавриди амал қарор медиҳад,- зикр кард Оятулло Аҳмадзода.








Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад






