Дар Душанбе Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат бунёд мегардад

Февраль 16, 2021 15:13

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат бунёд мегардад. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи ангоравии идомаи сохтмони нотамоми Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ  аз ҷониби КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт  ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020  дастуру супориш доданд, ки баҳри пешгирӣ ва табобатӣ касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  беморхонаҳои сироятӣ сохта бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода дода шаванд. Сохтмони  Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт низ дар асоси ҳамин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020  ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ доданд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

Хотиррасон менамоем, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд намудани беморхонаҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуд.

Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба КВД «Лоиҳакаш»  ва  лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба КВД «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ»  муроҷиат намоянд. 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2021 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар шаҳри Душанбе муҷассамаи майори милитсия Мулло Нуров гузошта мешавад
Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад
«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 62 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд»
«БА ҚАДРИ ЗАҲМАТИ ДИГАРОН БОЯД РАСИД!». Чаро мо масъулияти шаҳрнишиниро риоя намекунем?