Дар Душанбе Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат бунёд мегардад. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи ангоравии идомаи сохтмони нотамоми Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ аз ҷониби КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.
Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 дастуру супориш доданд, ки баҳри пешгирӣ ва табобатӣ касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беморхонаҳои сироятӣ сохта бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода дода шаванд. Сохтмони Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт низ дар асоси ҳамин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ доданд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.
Хотиррасон менамоем, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд намудани беморхонаҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуд.
Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба КВД «Лоиҳакаш» ва лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба КВД «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ» муроҷиат намоянд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»












Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад






