Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои миллату давлат ва Президентам содиқона хизмат мекунам!» Фестивали дӯстии афсарону сарбозони пойтахт оғоз ёфт. Фестивал бахшида ба таҷлили 28-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 7 рӯз- аз 17 то 23 феврал дар заминаи тамоми қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди пойтахт баргузор карда мешавад.
Фестивал дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ташкил гардид.
Самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиши пойтахт, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани рўҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан аз шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ аз ҳадафҳои Фестивал мебошад.
Дар Фестивал дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъанд, дар саҳни майдони Гвардияи миллӣ нишон дода шуданд, ки дар ин маросим масъулини шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Душанбе ва беш аз 700 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ҳузур доштанд. Фестивал аз чор қисмати асосӣ иборат буда, дар доираи он мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои варзиши футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук дар ду марҳила, марҳилаи интихобии 1-ум дар заминаи қисмҳои ҳарбию низомӣ ва марҳилаи интихобии 2-юм дар сатҳи шаҳр гузаронида шуда, доир намудани барномаи рангини фарҳангӣ дар доираи «Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» бо ҷоизасупории дастаҳои ғолиб дар назар аст.
Даври аввали фестивал байни афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди пойтахт аз рӯи намудҳои варзиши футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук ва марҳилаи дуюм дар сатҳи пойтахт баргузор мегардад.
Ба истиснои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар доираи фестивал дар толори «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарият, афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои ҳарбию низомии даврони истиқлол: ҳолат ва дурнамо» ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Пос доштани обу хоки Ватан-рисолати ҷавонмардист» бо пешниҳоди роликҳои тарғиботӣ, ташкили мулоқоту суҳбатҳо бо афсарону сарбозон ва курсантон дар Донишкадаи олии ҳарбӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан — шарафи ҷавонмардист!» ва аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзўи «Ба муҳофизати ватани маҳбубамон омода бош!» бо тақсими беш аз 5000 варақаҳои иттилоотӣ ва 500 китобҳои ватандӯстона доир карда мешаванд.
Ғолибони мусобиқаҳои варзишии марҳилаи 2-юм 22 феврал дар ҷамъбасти Фестивал бо Диплом, медал ва ҷом сарфароз гардонида мешаванд.











«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд






