Дар Душанбе як гурӯҳ бонувон ҳунари дӯзандагию қаннодиро омӯхта, соҳиби шаҳодатнома шуданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2021. /АМИТ “Ховар”/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як гурӯҳ занону ҷавондухтарони пойтахт дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе» давоми як моҳ ҳунари дӯзандагӣ ва қаннодиро омӯхтанд.Баъди итмоми курсҳои зикршуда ба бонувони соҳибҳунар шаҳодатномаи касбии «Маркази касбомӯзӣ шаҳри Душанбе» дода шуд. Дар ин бора аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Раёсати мазкур вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 декабри соли 2020 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2021» моҳи декабри соли 2020 низ ҷиҳати ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону ҷавонон ва фароҳам овардани шароити муносиби иҷтимоӣ барои оилаҳои осебпазир курси омӯзишии кутоҳмудати дӯзанда-гулдӯз, дӯзандагӣ ва қаннодӣ бо фарогирии 60 нафар дар КВД «Маркази касбомӯзӣ шаҳри Душанбе» ташкил ва баргузор гардида буд.
Хотир расон мешавем, ки соли 2020 дар пойтахт тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9387 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин карда шуд, ки 5343 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Соли сипаришуда бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар 2610 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ сафарбар карда шуданд, ки ин нишондиҳанда 104,4 фоизи иҷроиши Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Душанберо ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии ба касбомӯзӣ фарогирифташудагон 2262 нафарро занон ташкил медиҳанд. Касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯи 19 намуди касбу ихтисосҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






