Дар Ишкошим оқибати офатҳои табиӣ бартараф ва роҳҳо тоза карда мешаванд

Февраль 24, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал новобаста аз корҳои анҷомёфта аз сабаби дар кӯҳдоманҳо зиёд будани барф роҳи мошингарди самти Ишкошим – Хоруғ дар километри 43 – мавзеи «Ирғазор» дубора банд гардид. Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ишкошим бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ оқибати офатҳои табииро дар ин мавзеъ бартараф намуда, рафту омади ронандагону мусофиронро таъмин намуданд, аммо ҳанӯз ҳам дар мавзеъҳои осебпазири ҳудуди ноҳия эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар натиҷаи бориши аз ҳад зиёди барф 21 феврал, соати 12:15, роҳи мошингарди масири Ишкошим-Хоруғ дар километрҳои 31,32, 34 ва 42-и мавзеи «Ирғазор» -и Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров ва соати 15:00 дар километрҳои 51,52, 53 – и мавзеҳои «Буҷур» – и ҳамин ҷамоат ва «Колуке»-и Ҷамоати деҳоти Қозидеҳ бо сабаби тармафароӣ банд гардида, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан аз шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Ишкошим ва аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Хоруғу Душанбе қатъ гардид.

Бо кӯшишу талошҳои кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ишкошим бо истифода аз техникаҳои махсус 22 феврал, аз соати 10:34 то 13:00 километрҳои 41,42,43,46, 31,32,34 ва соати 18:50 километрҳои 51,52,53 пурра аз тарма тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим аз сокинони ноҳия, бахусус ронандагону мусофирон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки муваққатан бе зарурат аз сафар худдорӣ намоянд.

Ба иттилои  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи мамлакат,  зарфи як шабонарӯзи гузашта дар роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва дар қаламрави деҳаи Риҷисти ҷамоати Қурбоншоҳ Гадоеви ноҳияи Роштқалъа резиши санг ба қайд гирифта шуд. Сангрезиши Роштқалъа як хонаи истиқоматиро қисман вайрон кард. Дар айни замон роҳи Хоруғ-Ишкошим баста аст. Барои тоза кардани барфтӯдаҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон техникаи махсус ҷудо кардааст, то пайомадҳои ин офат бартараф карда шаванд. Ҳоло корҳои поксозии роҳ ба шиддат идома доранд. Офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.

Ҳамзамон Кумитаи мазкур бо сабаби бад шудани вазъи ҳаво аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, сафар ба маҳалҳои кӯҳӣ, сайругашт дар минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тарҳрезии сафарҳои худ аввал дар бораи вазъи роҳҳо иттилоъ пайдо ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд.

Февраль 24, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд