Дар Китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирӣ толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ифтитоҳ ёфт.
Тавре аз китобхонаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар расми кушодашавии он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимону муҳаққиқон, адибон, собиқадорони соҳаи китобдорӣ, ғолибони даврҳои вилоятиву ҷумҳуриявии сабқати мазкур, фарҳангиён, толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва хонандагони фаъоли китобхона ширкат намуданд.
Ҷамъомад бо тамошои намоиши слайдӣ оғоз гардида, иштирокчиён аз навору ороишоти электронӣ бо муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос гардиданд.
Толор дар назди шуъбаи хизматрасонӣ таъсис ёфта, махзани кушодаи он фарогири панҷ номинатсияи озмун мебошад. Баробари вуруд ба он довталаби озмун ба қайд гирифта мешавад ва ӯ метавонад аз махзан китобу асарҳои дилхоҳашро интихоб намуда, бо худ барои мутолиа ба хона барад. Китобҳо аз рӯи тартиби алифбоӣ гузошта шуда, шароити интихобро ба хонанда осон менамоянд. Аз дигар ҷониб, дар заминаи силсиланашрҳо, маҷмӯаҳо ва куллиёти адибони ҷудогона хонандаро бо фаъолияти эҷодии суханварон ошно мегардад.
Толор бо мизу курсиҳои нав, ду таҷҳизоти гармидиҳанда, намоишҳои барқаду оинагии китобӣ муҷаҳҳаз буда, деворашро намунаи суратҳои адибони классикиву муосири тоҷик, шоирону нависандагони хориҷӣ, ки осори онҳоро дар доираи чор номинатсия довталабон мутолиа менамоянд, оро дода шудааст.
Аз ин толори бошукӯҳ хонандагони зиёд истифода бурда, дар баробари сайқали дониш, инчунин дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок меварзанд ва ғолибият ба даст меоваранд.
Толори навтаъсис барои баргузор намудани экскурсияҳо, маҳфилҳои рӯнамоии китобҳо, суҳбатҳову мубоҳисаҳои адабӣ, конфронси хонандагон, мулоқот бо адибон ва дигар чорабиниҳои вобаста ба мутолиаи китобу шинохти адабиёти бадеӣ, огоҳӣ аз коргоҳи эҷодии қаламкашон, шеваҳои нигориш, бардошту ҳамкории адабии суханварон аз мактабу ҳавзаҳои эҷодии ватаниву хориҷӣ нақши муассир хоҳад дошт.










Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт






