Дар Кобул бар асари таркиш як корманди полис ҷон бохт ва се тани дигар захмӣ шуданд

Февраль 3, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Имрӯз дар шаҳри Кобули Афғонистон бар асари таркиш як корманди полис кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Ба иттилои полиси Кобул, автомашинаи полис дар минтақаи Тангии Тарахили ноҳияи 15-уми Кобул ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа як корманди полис кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Полиси Кобул тафсилоти бештар дар бораи ин ҳодисаро ироа накардааст.

Аммо манобеи амниятӣ изҳор намудаанд, ки автомашинаи мазкур ба Раёсати корҳои ислоҳотӣ тааллуқ дорад.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, дирӯз дар минтақаҳои мухталифи Кобул чор таркиш рух дод, ки дар натиҷа се нафар кушта ва шаш тани дигар захмӣ шуданд.

Февраль 3, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид