Дар мавзеъҳои осебпазири ноҳияи Ховалинг корҳои соҳилбандӣ ҷараён доранд

Февраль 10, 2021 11:22

ХОВАЛИНГ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ховалинг дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади пешгирӣ   аз селу обхезӣ ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ, заминҳои кишт ва молу амволи сокинон дар мавзеъҳои осебпазир корҳои соҳилбандӣ ҷараён доранд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, бо саршавии боронҳои баҳорӣ сатҳи оби ҷӯю дарёҳо баланд шуда, соҳилҳоро рахна мекунад.

Ба гуфти  сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ховалинг Дилшод Ҳакимов, корҳои соҳилбандӣ дар шаш мавзеъ идома доранд ва дар ду паҳлӯи дарёчаи оби мазор техника ва сокинон ҷалб карда шудаанд. Гарчанде соли гузашта дар ин мавзеъ соҳилҳо рахна нагардида буданд, имсол хатари ба вуқӯъ пайвастани холатҳои фавқулода эҳтимол дорад. Аз ин рӯ ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сокинони ду ҷамоати деҳот ҷалб гардидаанд.

Бино ба иттилои бахши Кумитаи ҳолатҳои фавкулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ховалинг, ҳашари дастаҷамъона ва корҳои соҳилбандӣ дар минтақаҳои осебпазир то оғози боронҳои сели баҳорӣ идома меёбанд.

Февраль 10, 2021 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд