Дар ноҳияи Муъминобод маъракаи эмгузаронӣ доир гардид

Февраль 27, 2021 09:36

 МУЪМИНОБОД, 27.02.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод  аз 15 феврал инҷониб рӯзҳои иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ  амалӣ гардида,  то  ин  муддат 5659 нафар  кӯдакон ба эмгузаронӣ фаро гирифта шуданд. Мувофиқи нақша 5761 нафар кӯдак ба қайд гирифта шуда, айни ҳол эмгузаронӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.

Тавре директори Маркази иммунопрофлактикаи ноҳияи Муъминобод Зебониссо Соҳибова иттилоъ дод, барои гузаронидани ин маъракаи оммавӣ аз ҷониби марказ тамоми шароит муҳайё гардида, ваксинагузаронҳо бо доруҳои ёрии авалин, сумак-яхдонҳо ва дигар маводи лозимӣ таъмин мебошанд.

Ин маъракаи оммавӣ дар  ҳудуди  7 ҷамоати  деҳоту  шаҳрак  гузаронида  шуда,  ҳамаи  кӯдакон  бо ваксина  таъмин  мегарданд. То ин ҷониб барои гузаронидани  эмгузаронӣ  ягон  мушкилӣ  пеш  наомадааст,  чун ки  аз  ҷониби  Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  доруворӣ  сари  вақт  дастрас  мегардад.

Гуфта  мешавад, ки дар ин маърака  кӯдакони  солҳои таваллуди   2016- 2018  ба  эмгузаронӣ  фаро  гирифта  мешаванд.

Февраль 27, 2021 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд