Дар шаҳри Бохтар ба сарбозони қисми низомӣ нуктаҳои Паёми Президент тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми низомии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар оид ба тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо иштироки муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милисия Фатҳулло Абдураҳмонзода, сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати мазкур, полковники милитсия Амрулло Файзуллозода, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар, полковники милитсия Набиҷон Исозода ва узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоири шинохта Амиршои Хатлонӣ бо афсарон ва сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муовини аввали сардори Раёсати мазкур Фатҳулло Абдураҳмонзода зикр кард, ки «тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ дар рӯҳияи худшиносию меҳанпарастӣ, рӯҳбаландӣ ва ҳидоят намудан дар масири ватанпарастию хештаншиносӣ вазифаи ҳар яки мост ва рушду пойдории истиқлоли комили давлат дар заминаи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, ватандӯсту поксиришт ва дорои сатҳи баланди маърифату фарҳанги сиёсӣ метавонад пойдор монад.
Дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба мардуми кишвар ва соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ масъулияти кормандони ин мақомоти бонуфузро дучанд намуда, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакат раҳнамун месозад».
Зикр шуд, ки биноҳои хуби замонавӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ, ҷойи хобу ошхона, толорҳои варзишӣ, майдонҳои машқи тактикӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ дар ихтиёри сарбозону афсарон қарор дошта, беҳтарин кормандону мутахассисони соҳибкасб бо онҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии ҷангӣ, омӯхтани касбу ҳунар суҳбат менамоянд. Ҳар сарбозро зарур аст, ки садоқату матонат, зиракиву ҳушёриро сармашқи кори худ карда, баҳри суботу амнияти мардуми шарафманди мамлакат хизмат намояд. Дифоъ аз истиқлолу озодӣ ва таъриху фарҳанги хеш — ин дифоъ аз номусу нанги худ дар масири пурифтихори ватандорист.
Шоир Амиршои Хатлонӣ барои сарбозону афсарон нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ дода, бо қироати шеърҳои ватандӯстона ҷавононро ба пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми давлати азизамон даъват намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард






