Дар Шаҳринав ба ифтихори 110-солагии Мирзо Турсунзода таҷдиди гулгашти назди муҷассамаи шоир оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати арҷгузорӣ ба хидматҳои шоён ва дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ҷашни 110 — солагии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гулгашти назди муҷассамаи шоир, фарзанди фарзонаи ин диёри бостонӣ бо тарҳи замонавӣ навсозӣ мегардад. Корҳои навсозӣ аз ҷониби КВД «Сохтмони асосӣ» то ҷашни Наврӯз анҷом ёфта, гулгашти мазкур бо иштироки меҳмонон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода масъулинро вазифадор намуд, ки навсозии гулгашти мазкурро бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонанд.
Айни замон корҳои навсозии гулгашти назди муҷассамаи устод Мирзо Турсунзода оғоз шудаанд. Тасмим гирифта шудааст, ки сафолакҳои роҳравҳо ва фаввораҳои майдони назди муҷассама таҷдид карда шуда, ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида шаванд. Ҳамзамон нишастгоҳҳои зебои замонавӣ барпо карда шуда, атрофи гулгашт бо панҷараҳои зебою бунёди дарвозаи рамзии замонавӣ иҳота карда мешавад. Барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинон чароғакҳои замонавӣ низ насб карда мешаванд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки мавзеи мазкур ба яке аз ҷойҳои хушманзара мубаддал гардида, фароғатгоҳи мусоид барои аҳолии ноҳия ва меҳмонон мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор карда шавад. Сарвари давлат ба масъулини вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода тадбирҳои зарурӣ андешанд.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






