Дар шимоли Сурия дар натиҷаи як амали террористӣ мардуми осоишта кушта шуданд

Февраль 1, 2021 15:55

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шимоли Сурия дар шаҳри Африн ҳамлаи террористӣ ба амал омад, ки бар асари он мардуми осоишта кушта ва чанд нафар захмӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Агентии давлатии иттилоотии Сурия SANA хабар медиҳад.

«Дар натиҷаи таркиши мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар минтақаи саноатии шаҳри Африн, ки гурӯҳҳои террористии тарафдори Туркия ишғол кардаанд, чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд», — омадааст дар хабар.

Дар бораи ҳамлаҳои террористӣ аз шимоли вилояти Алеппо аз минтақаи Африн ва шаҳри Ал-Боб мунтазам хабар пахш мегардад.

                                     АКС аз сомонаи news.myseldon.com

Февраль 1, 2021 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид