Дар Тоҷикистон 28 кони нафт ва газ сабти ном шудаанд
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 28 кони нафт ва газ сабти ном шудаанд. Тавре агентии «Авесто» хабар медиҳад, дар ин бора 3 феврал зимни конфронси матбуотӣ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор шудааст.
Тавре муовини Сардори Сарраёсати геологияи Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода ба хабарнигорон иттилоъ дод, захираи нафт дар конҳои сабтшуда 2,2 миллион тонна ва захираи газ — 3,4 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вай, инчунин захираи тилло дар 40 кони тиллодор муҳосиба шудааст. Дар айни замон дар кишвар тақрибан 40 кони тиллои фаъол ва 85 кони тиллои ояндадор ба ҳисоб гирифта шудаанд.
«Ҳоло корҳои геологӣ-иктишофӣ барои муайян кардани захираҳои тилло идома доранд ва пас аз ин онҳо ба тавозуни давлат гузаронида мешаванд», — зикр кард Алимаҳмуд Ализода.
Аммо вай ҳаҷми захираҳои тахминиро дар 40 кони тилло дақиқ накард.
Тибқи иттилои Сарраёсати геологияи Тоҷикистон, харитаи майдонҳо барои истихроҷи тилло дар панҷ минтақаи ҷумҳурӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ таҳия шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






