Дар Тоҷикистон сайёҳии саргузаштӣ тавассути шикори моҳӣ дар ҳоли рушд аст

Февраль 20, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, соли гузашта дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 3571,7 тонна моҳӣ сайд гардидааст.  

Яке аз намудҳои сайёҳие, ки талаботи дӯстдоронаш дар ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст,  ин сайёҳии саргузаштӣ тавассути шикори моҳӣ мебошад,-иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ.

Тоҷикистон барои рушди сайёҳии саргузашти  тавассути шикори  моҳӣ иқтидори хуб дорад. Дар дарёҳои Вахш, Сирдарё, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва дигар намудҳои моҳиро метавон вохӯрд.

Имрӯзҳо барои рушди сайёҳии шикори моҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти мусоид фароҳам оварда шуданд. Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаҳои гуногуни кишвар  хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил  шудаанд. Таҳлилҳои оморӣ бозгӯи онанд, ки  соли гузашта дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 3571,7 тонна моҳӣ сайд гардидааст. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 2551,0, Суғд 869,7, ВМКБ 18,7, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 95,1, Ҳисор 8,3, Файзобод 7,3, Рашт 6,7, Шаҳринав 4,4, Турсунзода 3,5, Рӯдакӣ 3,2, Роғун 1,8, Нуробод 1,5 ва Варзоб 0,5 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ соли гузашта 69,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8 дарад  зиёд мебошад. Ба маротиб афзун гардидани истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ, қабл аз ҳама, ба амалишавии «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» ва дигар дастгириҳои Ҳукумати мамлакат вобаста аст. Бахусус бархурдории хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз имтиёзҳои андозӣ барои рушди соҳа нақши муҳим гузошт.

Феълан бо назардошти сермаҳсул будан моҳиҳои пешонағафси сафед, зағорамоҳӣ ва амури сафед парвариш мешаванд. Хоҷагиҳои моҳидории «Аквапарк», «Форел» — и шаҳри Ваҳдат, «Абдураҳмон», «Исмоил», «Ҳабибамоҳ» — и шаҳри Кӯлоб, «Форел» — и шаҳри Турсунзода, «Суғд — моҳӣ» — и шаҳри Гулистон, «Парваришгоҳи моҳии хушзот» — и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Гули Сурх» — и ноҳияи Дӯстӣ, «Чубек» — и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва «Рухшона» — и ноҳияи Ашт дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ саҳми назаррас доранд.

Барои муаррифии онҳо ва ташкили сайёҳии шикори моҳӣ тавассути хатсайрҳо дар хоҷагиҳои мазкур ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки имконияти шикорӣ моҳӣ мавҷуд аст, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ корҳои тарғиботию иттилоотӣ гузаронда шуда, сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷалб карда  мешаванд.

Чанде қабл Раиси Кумитаи рушди сайёҳи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Тоҷиддин Ҷӯразода  бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара аз маконҳои сайёҳии ноҳия дидан намуд. Гурӯҳи корӣ ҳамзамон барои муайян намудани имконияти мавҷуда, аз ҷумла, ҳавзҳои моҳипарварӣ дар деҳаи Пушинги ноҳия ва омода намудани иншооти қабулу хизматрасонӣ ба сайёҳон аз наздик шинос шуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Каёнуш» ду ҳавзи моҳипарварӣ бо ғунҷоиши 36000 моҳӣ ташкил шудааст. Дар ин ҷо тамоми шароит барои қабули меҳмонону моҳидорон муҳайё буда, боғи мевадиҳанда ва меҳмонхонаи хурди ҷавобгӯ ба талаботи муосир барои қабули меҳмонон омодаанд.

Дар деҳаи Пушинги ноҳия, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2019 Боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ ифтитоҳ гардида буд, айни ҳол моҳии навъҳои сазан, амури сафед, карп ва пешонапаҳн парвариш мешаванд. 4 қаиқи гуногунҳаҷм ба хизмати истироҳаткунандагон вогузор буда, барои дӯстдорони варзиш 1 километр роҳи атрофи ҳавз барои давидан мутобиқ гардонда шуда, лавозимоти варзишӣ барои варзишгарон насб шудааст. Дар ҷамоати деҳоти Исмат Шариф, дар деҳаи Булёни Поён аз тарафи соҳибкор Хуршед Ёров дар масоҳати 2 га ҳавзи моҳӣ бунёд шудааст, ки дар он 2000 моҳичаҳо сар дода шудаанд. Дар ин ҷо низ барои хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон катамаран, 2 мототсикли обӣ ва дигар имконияти хизматрасонӣ мавҷуданд. Бо мақсади рушди сайёҳии шикори моҳӣ дар ноҳияи Данғара хатсайри сайёҳии Данғара — Пушинг роҳандозӣ гардидааст.

Рушди моҳипарварӣ дар баробари шикори он, ки дӯстдорони зиёд дорад, метавонад барои тақвияти сайёҳии гастрономӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам орад. Соли 2019 дар шаҳри Турини Италия Фестивали байналмилалии «Slow Food» баргузор гардид ва дар он намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон», кооперативи истеҳсолии «Ҳакимӣ» бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ иштирок намуда, гулмоҳии амударёӣ (моҳии шоҳона) — ро муаррифӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки диққати ҳозиринро маълумот дар бораи гулмоҳии амударёӣ махсус ҷалб сохт. Моҳии амударёӣ бо лаззату тамъи худ ҳамто надошта, қаблан низ сазовори «Ситораи тиллоӣ» дар шаҳри Женева гардида буд. Гузашта аз ин, моҳии истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридор буда, гӯшти он дорои витаминҳои барои инсон даркорӣ мебошад. Ин омилҳо метавонанд диққати садҳо ҳазор сайёҳону меҳмононро ба Тоҷикистон ҷалб созанд. Сайёҳии моҳидорӣ яке аз намудҳои муосири сайёҳӣ буда, ташкили  сайди намудҳои гуногуни моҳӣ, расондани сайёҳон ба ҷойҳои душворраси моҳидорӣ, иҷораи таҷҳизоти моҳидорӣ ва ташкили шикори он дар ҳавзҳои дорои моҳӣ, пешниҳоди хизматрасонии босифат, истироҳати дур аз шаҳр ва таълими усулҳои асосии моҳидорӣ ва ғизодиҳии моҳиро дар назар дорад.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати равнақ бахшидани ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ ташкили хатсайрҳо оид ба сайёҳии шикори моҳӣ тавсия додааст, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон бештару беҳтар ба роҳ монанд. Инчунин кумита баҳри бештар ҷалб намудани сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои зиёди тарғиботӣ баргузор менамояд.

Февраль 20, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд