Дар Турсунзода дар шафати ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» минтақаи саноатӣ бунёд мегардад

Февраль 13, 2021 10:59

ДУШАНБЕ, 13.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода дар масоҳати 21 гектар минтақаи саноатӣ бунёд мегардад. Минтақаи саноатӣ дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии мамлакат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар шафати  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминии тоҷик» сохта шуда, дар он беш аз даҳ корхонаи саноатӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатӣ машғул хоҳанд шуд, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус  12 феврал раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Бунёди минтақаи саноатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳолест, ки Раиси шаҳри Турсунзода аз афзоиши ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр дар соли 2020 хабар дода, гуфт, ки соли гузашта дар шаҳри Турсунзода беш аз 870 миллион сомонӣ  маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб 64 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Февраль 13, 2021 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд