Дастаи «Истиқлол» дар бозии сеюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии сеюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Вохӯрии ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо натиҷаи калони 4:0 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хотима ёфт. Новобаста аз натиҷаи ин рақобат дастаҳо қабл аз муҳлат роҳхати даври нимниҳоиро ба даст оварда буданд.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин дар бозии дигар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ғалаба карда, роҳхати охиринро ба даври нимфинали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 ба даст овард. Бозии дастаҳо дар доираи даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ доир гардида, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони шаҳри Турсунзода анҷом ёфт.
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи финалӣ
Гурӯҳи «А». Бозии 3-юм
«Равшан» – «Истиқлол» — 0:4
Голҳо: Салам Ашурмамадов, 63 (0:1), Алишер Ҷалилов, 67 (0:2), Рустам Соиров 75, (0:3), Рустам Соиров, 90+2 (0:4)
«Мастчоҳ» – КМВА – 2:3
Голҳо: Салоҳиддин Одиназода, 28 (1:0). Муҳсин Рустамзода, 50 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 61 (2:1). Ҷонибек Шарипов, 90 (2:2). Комрони Мирзохон, 90+2 (2:3).
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи финалӣ
Гурӯҳи «Б». 3-юм давр
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2 ….. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 26 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 38 (0:2). Абдулло Шарипов, 82 (1:2).








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






