ДАВЛАТАЛӢ САИД — САРДОР УМУРЗОҚОВ: Тоҷикистон ва Ӯзбекистон суботи маҷрои обро аз обанборҳои Тоҷикистон таъмин мекунанд ва ҳаҷми умумии гардиши мутақобилаи молҳоро ба 1 миллиард доллар мерасонанд

Февраль 18, 2021 12:32

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шакли видеоконфронс музокироти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои калидии рӯзнома табодули афкор намуда, якчанд масъалаҳои мубрами ҳамкории мутақобиларо дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории саноатӣ, нақлиёт, захираҳои об ва бахшҳои бонкӣ ва молиявӣ баррасӣ карданд.

Қарор аст, ки ҳамкорӣ дар самти навсозии якчанд иншооти гидротехникӣ бо ҷалби кумаки молиявӣ ва техникии созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва донорҳо фаъол карда шавад ва механизми таъмини босубот ва саривақтии об аз обанборҳои Тоҷикистон ба Ӯзбекистон коркард шавад.

Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муштаракро барои беҳтар намудани шароити афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила бо роҳи  бартараф намудани монеаҳои мавҷудаи техникӣ ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба бозорҳои ду кишвар, ки дар қатори чизҳои дигар имкон медиҳад вазифаи гузошташуда барои ба 1 миллиард доллари ИМА расонидани ҳаҷми он иҷро карда шавад, фаъол намоянд.

Дар фарҷоми музокирот оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштарак дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳои асосии ду кишвар ба мувофиқа расиданд ва вазифаи ин гурӯҳ назорати иҷрои созишномаҳои дуҷониба, таҳлили имконоти истифоданашудаи ҳамкории мутақобила, омӯзиши  рақобатпазирии бозорҳои ду кишвар барои таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила хоҳад буд.

Инчунин мувофиқа шуд, ки тарафайн ба таври алоҳида «Харитаи роҳ» -ро барои дастгирӣ намудани ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ ва обӣ-энергетикӣ таҳия хоҳанд кард.

АКСИ АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2021 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд