Дилмурод Давлатзода: Шумораи нафақагирон нисбат ба соли 2019 2,6 фоиз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли равон 729 385 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 163 нафар ё 2,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин хусус директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Дилмурод Давлатзода ҳамчунин изҳор дошт, ки дар асоси Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябри соли равон афзоиши нафақаи маъюбони аз синни кӯдакӣ ва маъюбони то 18-сола, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, инчунин маъюбони гурўҳи 1-ум, ки ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъйин гардидааст, зиёд гардид.
«Дар доираи ислоҳот дар низоми таъмини нафақа ҷиҳати такмили низом ва бартараф намудани омилу душвориҳое, ки дар таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон ба миён меоянд, тағйироту иловаҳо ба қонунгузориҳои соҳавӣ таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, ҳамзамон якчанд санадҳои меъёрии дохилӣ, аз ҷумла «Қоидаҳои ташкили таъйиноти нафақаҳои суғуртавӣ» ва «Тартиби таъйин намудани нафақаҳои иҷтимоӣ» таҳия ва тасдиқ карда шуд. Дар баробари ин, барои барқарор кардани низоми баҳисобгирии нафақа ва мушаххас намудани омори соҳавӣ зиёда аз 130 шакли ҳуҷҷатҳо ва ҳисобот таҳия карда шудаанд», гуфт мавсуф дар шарҳи бештари ин масъала.
Зикр шуд, ки бо мақсади дастгирии кормандон ва аъзои оилаи онҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо» тағйирот ворид гардида, меъёри истифодаи ин маблағҳо ба 1,5 фоиз расонида ва доираи истифодаи ин маблағҳо нисбатан васеъ гардонида шуд.
Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки «Оид ба тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19» рӯйхатҳои ном ба номи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ, нафақагирони синну соли иҷтимоӣ, ятимони кулл ва кӯдакони маҳрумшуда аз саробон барои пардохти кумакпулии якдафъаина пешниҳод гардида, дар асоси он ба 265 749 шахсони эҳтиёҷманд ба андозаи 400,0 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 107,1 млн.сомонӣ кумакпулии якдафъаина пардохт карда шуд.








Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?






