ДИНОЗАВРҲО ДАР ЗАМИНҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ГАШТУ ГУЗОР МЕКАРДААНД. Дар Ӯзбекистон махлуқи барои илм номаълум ёфт шудааст

Февраль 26, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави Ӯзбекистон як намуди динозаврҳои қаблан номаълум шиносоӣ шудааст, ки аз автобуси дуқабата ду маротиба калонтар будааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Daily Mail.

Устухони думғозаи динозаврро як дастаи байналмилалӣ дар биёбони Қизилқум, ки ҳамчун «қабристони динозаврҳо» маъруф аст, аз замин кофта баровард.

Дарозии ин ҳайвони азимҷусса, ки онро Dharatitanis kingi меномидаанд, тақрибан 20 метр ва ҳамтани Диплодокус — бузургтарин махлуқе, ки дар сайёра сайругашт мекардааст, будааст.

Махлуқ думи қамчинмонанд ва гардани дароз доштааст, ки ба ӯ имкон медодааст, ки аз меваҳои дарахтҳои баландтарин ғизо гирад ва инчунин динозавр сари начандон калон ва дандонҳои ҳамчун теғ тез доштааст.

Олимон муайян кардаанд, ки динозавр дар қаламрави имрӯзаи Ӯзбекистон дар давраи табошир, ки аз 145,5 то 65,5 миллион сол пеш тӯл кашидааст, сокин будааст.

Муҳаққиқон мегӯянд, ки дар сангбастаҳо миқдори зиёди боқимондаҳои устухонҳои бисёр хуб ҳифзшудаи ҳайвоноти сутунмӯҳрадор ошкор шудааст.

Ҳамин тавр, динозаврҳо замоне дар сарзамини Осиёи Марказӣ гашту гузор мекардаанд. Онҳо 100 миллион сол пеш, вақте ки қитъаҳо як буданд, дар ҳамвориҳои наздисоҳилӣ, дар ғарбитарин нуқтаи хушки Осиё зиндагӣ мекарданд. Бояд зикр кард, ки изҳои динозаврҳо дар Тоҷикистон низ пайдо шуданд — дар маҷрои дарёи Ширкент дар водии Ҳисор зиёда аз 300 адад из ёфт шудааст. Дар он ҷо, дар шаҳри Турсунзода Боғи миллии “Изҳои  динозавр” сохта шудааст, ки диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 26, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд