Ду фармондеҳи гурӯҳи «Толибон» дар Ғур кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти амниятии вилояти Ғур мегӯянд, ки гурӯҳи «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) шаби гузашта ба як посгоҳи амниятӣ дар минтақаи Аландар дар ғарби маркази вилоят — Фирӯзкӯҳ ҳамла кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи иттилоотии Khaama Press.
Амирдод Порсо, сухангӯи фармондеҳии полиси Ғур 22 феврал гуфт, ки дар ин ҳодиса ду тан аз фармондеҳони «Толибон» кушта шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар задухӯрд ба неруҳои амниятӣ ва дифоии кишвар осеб нарасидааст.
Порсо инчунин афзуд, ки гурӯҳи «Толибон» дирӯз ба як посгоҳи амниятӣ дар ноҳияи Чаҳор Садаи ин вилоят ҳамла кард, ки бо посухи неруҳои амниятӣ рӯбарӯ шуд ва ин ҳамла ақиб зада шуд.
«Толибон» ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодаанд.








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






