ФУТБОЛ. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии дастаи «Истаравшан» интихоб мегардад

Февраль 16, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Мутахассиси таҷрибадори тоҷик, собиқ сармураббии   дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев  бо дастаи  футболи «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан шартнома мебандад. Ин мураббии 55-сола масъулияти омода намудани дастаро ба мавсими нави футбол ба уҳда гирифтааст ва интизор меравад, ки ӯ расман 17  феврал ба шаҳри Истаравшан сафар намуда, дар қарордод имзо мегузорад.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев моҳи июли соли гузашта сармураббии дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид ва моҳи феврали соли 2021 бо розигии ҷонибҳо шартнома бо дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бекор карда шуд.

Дастаи футболи   «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода таҳти роҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев борҳо чемпиони Тоҷикистон гардидааст.

Февраль 16, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд