Гардиши мол тавассути сарҳади гумрукӣ соли 2020 беш аз 4,5 миллиард долларро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки гардиши мол тавассути сарҳади гумрукии Тоҷикистон соли гузашта ба 4 миллиарду 450,8 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 6 миллион доллар ё 1 фоиз зиёд мебошад. Соли 2019 гардиши мол тариқи сарҳади гумрукии Тоҷикистон 4 миллиарду 444,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дода буд.
Муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ҳаҷми умумии гардиши мол беш аз 3,8 миллиард доллар ба воридоти мол ва зиёда аз 1,3 миллиард доллар ба содироти мол рост омада, мутаносибан воридот ба маблағи 191,1 миллион доллар ё ба андозаи 5,8 фоиз коҳиш ёфта, содирот ба маблағи 196 миллион доллари амрикоӣ ё 17,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Азим Турсунзода афзуд, ки дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот ба 69,3 ва содирот ба 29,5 фоиз баробар буда, воридоту содироти ёрии башардӯстона 1,2 фоизро ташкил медиҳад.
Инчунин зикр шуд, ки соли сипаригардида дар маҷмӯъ 1960 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 1375 ҳолат кам мебошад.
Кам шудани ҳолатҳои ошкоркунии қонуншиканиҳо ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19, пурзӯр намудани назорат дар сарҳади давлатӣ, пурра манъ шудани рафту омади одамон тавассути сарҳади гумрукӣ, тадбирҳои андешидаи мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ, ҷилавгирӣ аз воридоти қоҷоки мол ва ташкили корҳои фаҳмонадиҳию тарғиботӣ рабт дорад.








Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд






