Гулнора Ҳасанзода: Дар давраи сирояти COVID-19 Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир намуд

Февраль 18, 2021 12:20

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар қаламрави ИДМ дар давраи сироятёбии бемории COVID-19 маъракаи муҳими  сиёсӣ-барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир намуд. Аз 1 то 15 октябри соли сипаригардида дар мамлакат маъракаи муҳими  сиёсӣ-барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки он дар сатҳи баланд ва бо усулҳои муосири ҷамъоварии маълумот тариқи интернет ва   планшет, инчунин давраи натиҷагирии маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки дар маъракаи барӯйхатгирии соли 2010 зиёда аз 34 ҳазор нафар кормандони муваққатӣ ба кор ҷалб гардида буданд. Ин теъдод соли 2020 ба 27 ҳазору 410 нафар корманди муваққатӣ расид,  яъне қариб 7 ҳазор нафар кам гардид. Омили кам гардидани кормандони муваққатӣ- ин истифодаи технологияи замонавӣ, яъне усули ҳисоби электронӣ мебошад. Ба ин усул қариб 40 фоизи аҳолӣ фаро гирифта шуданд, ки натиҷаи беҳтарин ҳисобида мешавад.

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки соли 2020 корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 30820,8 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли сипаригардида 9,7 фоиз афзудааст. Омили аосии рушди  суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати саноати коркард-17,4 фоиз таъмини неруи барқ, газ, буғ ва 9 фоиз тозакунии ҳаво ба амал омадааст.

Соли 2020 маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 11616,9 млн сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,4 фоизро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли сипаригардида дар масоҳати умумии 1383,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   101,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра 16 мактаб барои 13 534 ҷойи нишаст,  39 бунгоҳи тиббӣ барои 436 ҷой дар як баст ва 8 адад беморхона барои 577 кат ба истифода дода шудаанд.

Ба гуфти Гулнора Ҳасанзода, содироти мол дар соли 2020 406,9 млн долларро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2019 19,8 фоиз ё 232,5 млн доллар зиёд аст. Шарикони асосӣ оид ба содирот  давлатҳои Швейтсария бо 49,0 фоиз аз ҳаҷми умумии содирот, Туркия -14,4 фоиз, Қазоқистон- 10,8 фоиз, Ӯзбекистон- 5,9 фоиз, Афғонистон- 5 фоиз, Россия- 2,9 фоиз, Чин- 2,4 фоиз, Белгия- 2,3 фоиз, Италия- 1,1 фоиз, Покистон- 1 фоиз ва дигар давлатҳо мебошанд.

Февраль 18, 2021 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд
Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Рашт оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти алоқаи кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории зиддикоррупсиониро тақвият мебахшанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд