Хуҷанд: Озмуни «Чакомаи гесӯ» сабаби таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ ва сурмапазӣ мегардад

Февраль 22, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Пас аз хулосаҳои ҳайати ҳакамон дар бахши «Олами афсона ва зебоӣ» дипломи дараҷаи якумро Сабрина Тухтасунова соҳиб гардид.

Дар номиннатсияи «Кўдакона» ҷойи аввал насиби Раиса Фаррухзода шуда, Асияхон Ҷўраева хурдсолтарин иштирокчӣ муайян гардид.

Аз рўйи номинатсияи «Ороиши муосири мӯй» ҷойи 1-умро Хосият Шарифова соҳиб гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивали мазкур парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросими миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуда, зикр гардид, ки он метавонад сабаби таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолии қаламҳои ороишӣ, шонасозиву оинасозӣ ва сурмапазӣ гардад.

Февраль 22, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид