Котиби Шӯрои амният, роҳбарони Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли СААД мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳамкории ҳарбӣ, таҳкими сарҳадот, вазъи имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза бар зидди маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, омӯзиши иловагии касбии мутахассисони мақомоти марбута ва дигар масъалаҳои амнияти минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Қарор карда шуд, ки ҳамкорӣ дар доираи муқаррароти оинномавии Созмон идома ёфта, тақвият бахшида мешавад.
Ҳамзамон доир ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳо дар давраи раёсати Тоҷикистон, аз ҷумла омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД дар шаҳри Душанбе мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки чорабиниҳои мазкурро дар ҳамдастӣ омода ва доир менамоянд.
***
Имрӯз Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас низ мулоқот намуданд.
Ҷонибҳо баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СААД баҳори соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-иқтисодиро дар доираи СААД ва татбиқи афзалияти ҷониби Тоҷикистонро дар ин соҳаҳо дар давраи раисии Тоҷикистон дар Созмон дар соли 2021 баррасӣ карданд.
Аҳамияти баланд бардоштани сатҳи омодагии неруҳои амнияти дастаҷамъӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳо, аз ҷумла тавассути гузаронидани чораҳои муштараки фаврӣ ва омӯзишии ҷангӣ таъкид карда шуд. Аз ҷумла, онҳо дар бораи такмили низоми фармондеҳӣ ва идоракунии неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, баланд бардоштани сатҳи омодагии неруҳои посдори сулҳи СААД ва муҷаҳҳаз кардани онҳо бо силоҳҳои муосир, техникаи низомии махсус ва лавозимоти махсус бо назардошти имконоти ҷалби онҳо ба амалиёти муҳофизати сулҳ таҳти сарпарастии СММ суҳбат намуданд.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва Дабири кулли СААД машқҳои дарпешистодаи неруҳо ва воситаҳои амнияти дастаҷамъиро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ карданд. Инҳо машқҳои муштарак бо Неруҳои зудамали дастаҷамъии СААД «Ҳамгироӣ-2021», машқи махсус бо неруҳо ва воситаҳои иктишофии «Ҷустуҷӯ-2021», машқи махсус бо неруҳо ва воситаҳои ТМТ Қӯшунҳои (Неруҳои дастаҷамъии) СААД «Эшелон-2021» мебошанд.
Тавре қаблан АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи масъулияти Созмон, вокуниши саривақтӣ ба чолишу таҳдидҳои муосир, инчунин афзун гардонидани ҳамкории кишварҳои узви СААД дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Бо дарназардошти раёсати Тоҷикистон дар Созмон С.Муҳриддин таваҷҷуҳи кишварро ба ҳамкории зич бо Котиботи СААД ва ниҳодҳои он ҷиҳати пешбурди рӯзафзуни самтҳои авлавиятноки раёсат таъкид кард.
Гузашта аз ин, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамоҳангсозии баъдии мавқеъҳо ва ба ҳам наздик сохтани равишҳои кишварҳои узв дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, ҷараёни омодагии кишварро ба нишасти дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






