КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба истифодабарандагон ба маблағи беш аз 180 млн сомонӣ хизмат расонидааст

Февраль 15, 2021 15:03

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2020 корхонаҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 181 млн 876 ҳазор сомонӣ хизмати гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  14 млн 720,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, дар маҷмӯъ 108,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора  имрӯз Директори генералии Корхонаи  воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

Ҷамшед Табарзода  афзуд, ки дар соли 2020 дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба оби нӯшокӣ  дар маҷмӯъ 65,5 фоизро ташкил медиҳад, ки аз ин ба 13 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилоти тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хизмат расонида мешавад.

Дар нишаст зикр шуд, ки айни замон бо ҷалби сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ дар назди КВД  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ: Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон–1», Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон-2»  ва  Лоиҳаи  «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон» амалӣ шуда истодаанд. Лоиҳаҳои мазкур шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Зафаробод, Истаравшан,, Панҷакент ва Шаҳристони вилояти Суғд, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  Ҷ.Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлонро дар бар гирифта, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Давоми соли 2020 ба мушкилоти ба миён омада нигоҳ накарда, бо маблағҳои КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  ва бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳо сохтмони иншооти обтаъминкунӣ ба истифода дода шуд, аз ҷумла пармакунӣ ва иваз намудани хатҳои оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, пармакунӣ ва сохтмони чоҳи амудии Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, кашидани хати оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, сохтмони обанбори зеризаминии дорои 500 метри мукааб, кашидани хати оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ ба маблағи 40 млн 291,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд, ки 97,5 фоизи иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда мебошад.

Дар ҷамъбасти фаъолияти соли 2020 дар мавсими дарахтшинонӣ зиёда аз 33,8 ҳазор бех дарахтони ҳархела шинонида шуда, дар ин давра ҳаҷми умумии кашонидани партовҳо 484,1 ҳазор м3-ро ташкил медиҳад, ки ин мутаносибан 103 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегиранд.

Дар гармхонаҳо зиёда аз 239,3 ҳазор қаламчаи гули садбарг, дар масоҳати 1218 метри мураббаъ гулҳои мавсимӣ ва зиёда аз 21,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуданд. Онҳо дар мавсими дарахтшинонӣ барои ободонӣ ва сабзазоркунии кўчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо истифода бурда шуданд.

Февраль 15, 2021 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд