Лоиҳаи Қонун «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020 бо мақсади рушди илми ватанӣ вобаста ба шароити имрўзаи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ин матлабро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз 7 боб ва 33 модда иборат буда, дар он ваколатҳо, вазифаҳо, мақом, ҳайат ва сохтори ташкилӣ, имтиёзҳо, самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳо вобаста ба тағйироти дар сохтор ва номи он бавуқӯъомада мушаххас гардидаанд.
Дар ҷаласаи Шӯро иловатан “Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд“ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии созишномаи мазкур таъкид гардид, ки ҳадафи лоиҳа барқарор намудан ва зиёд кардани иқтидори истеҳсолии шаш гидроагрегати НБО „Норак“ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо мебошад.








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






