Маликшо Неъматзода ба сокинони вилояти Суғд моҳияти Паёми Пешвои миллатро шарҳу эзоҳ дод
ДУШАНБЕ, 20.02.2021. /АМИТ “Ховар”/. Ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода барои шиносоӣ бо кори ташкилоти иттифоқҳои касаба ва аҳли меҳнати корхонаю муассисаҳои Суғд ба ин вилоят сафари корӣ намуд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Нахуст дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохӯрии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд доир гардид.
Маликшо Неъматзода зикр намуд, ки дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон назаррас буда, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушду баркамол ва соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз тамоми донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо хубу аъло таҳсил намуда, ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хидмат намоянд. Чанде аз донишҷӯён оид ба дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон андешаи худро баён намуданд.
Дар вохӯрӣ ба 15 нафар собиқадорони иттифоқи касаба ва 100 нафар донишҷӯёни ятиму бепарастор аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд расонида шуд.
Ҳамзамон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо ҳайати профессорону кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли рушду шукуфоист. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омадааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ин ҷашни бузург ва ҷиҳати татбиқ ва иҷро намудани нуктаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон идома доранд.










«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






