ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ширкати «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма доир ба истеҳсоли неруи барқ маълумот дода, иброз дошт, ки соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ширкат 15 млрд. 248,4 млн. кВт. соатро ташкил дод. Ин миқдор неруи барқ нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 1 млрд. 215,6 млн. кВт. соат кам мебошад.
Сабаби кам гардидани истеҳсоли неруи барқро дар неругоҳҳои барқи обӣ мавсуф ба маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам шудани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин ғайриимкон гардидани ҳаҷми пешбинишудаи содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ нисбат дод.
«Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 1162,3 ҳазор Гкал баробар шуда, дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2019 дар ҳаҷми 321,1 ҳазор Гкал зиёд гардидааст,- гуфт Мирзо Исмоилзода.
Ба зикри мавсуф, бо мақсади беҳтар намудани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ Ширкати «Барқи Тоҷик» соли 2020 нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 295,3 млн.кВт.соат неруи барқро зиёд харидорӣ намуд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми барқи харидоришуда 4 млрд. 335,8 млн.кВт.соатро ташкил медиҳад. Хариди барқ асосан аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» (2 183,7 млн. кВт. Соат), ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1»(831,1 7 млн. кВт. Соат) ва НБО-и Роғун (1 286,7 млн. кВт. Соат) амалӣ гаштааст.
Таҳвили фоиданоки неруи барқ ба муштариёни дохили ҷумҳурӣ соли 2020 нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 309,6 млн. кВт. соат афзоиш ёфта, дар маҷмуъ ба 14 млрд. 421,7 млн.кВт.соат баробар шуд.
Дар баробари ин, бо сабаби маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ вобаста ба кам шудани маҷрои дарёи Вахш ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар давлатҳои ҳамсоя неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар соли 2020 дар ҳаҷми 1 млрд. 536,8 млн. кВт.соат интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 1 млрд. 399,8 млн. кВт. соат коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 533,3 млн.кВт. соат ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 851,0 млн. кВт.соат неруи барқ кам содирот карда шуд.