Моҳи апрел дар Тоҷикистон мавсими тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ оғоз меёбад

Февраль 24, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 апрели соли равон мавсими тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз ҷониби кормандони вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ  оғоз мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз ҷониби кормандони вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ  дар ду мавсим доир мегардад.

Дар мавсими аввали он спектаклҳо рӯзҳои 3, 10, 17, 24  апрел, 8, 15 май ва 12 июни соли равон  дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский ба саҳна гузошта мешаванд.

Мавсими дуввуми намоиши спектаклҳо 2, 9, 16, 23, 30 октябр дар театрҳои болозикр доир мешавад.

Ба гуфти масъулин, дар репертуари театрҳо соли равон намоиши асарҳои нави саҳнавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин нимаи дуюми моҳи майи соли равон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту-2021» баргузор мегардад, ки тӯли як ҳафта мухлисони театрӣ метавонанд аз намоишҳои озмунӣ ба таври ройгон бархурдор гарданд.

Таҳияи асарҳои нав дар репертуари муассисаҳои театрӣ аз моҳи апрел тартиб дода шудааст.

Дар ин давра намоишҳои зиёде, аз қабили «Хостгорӣ»-и  Антон Чехов,  «Гунҷишкакон ҳам механданд»-и  Кароматуллои Мирзо, «Гамлет»-и  У. Шекспир, «Хусрав ва Ширин»-и   А. Мӯсоев,  «Исфандиёр»-и  А. Фирдавсӣ, «Қиссаи ғамгину рангин»-и Тӯрахон Аҳмадхонов, «Туҳфа аз муҳоҷират»-и Шодӣ Солеҳ, «Хонума»-и А. Тсагерали, «Комде ва Мадан»-и  Зиёдулло Шаҳидӣ, «Ватандорӣ»-и Лоиқ Шералӣ ва ғайраҳо  ба саҳна гузошта мешаванд.

Дӯстдорони санъати театрӣ метавонанд аз намоишҳои омоданамудаи ҳунармандони тоҷик ҳаловат баранд.

Февраль 24, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд