Муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои ID дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2022 хатм мешавад

Февраль 2, 2021 10:54

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муҳлати сабти дубораи симкортҳо аз шиносномаҳои намунаи кӯҳна бо шиносномаҳои ID-и намунаи соли 2014 дар Тоҷикистон 15 феврали соли 2022 хатм мешавад. Дар ин бора дирӯз, 1 феврал, зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, то имрӯз 4,5 миллион муштарии операторони мобилӣ дар кишвар симкортҳои худро бо шиносномаҳои ID-и модели соли 2014 дубора сабти ном кардаанд. Вале то ҳол симкортҳои 2,6 миллион муштарӣ бо шиносномаҳои намунаи кӯҳна сабт шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори қаблан қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва расонидани хадамоти вобаста ба онҳо», ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд симкортҳои худро дубора бо ID шиносномаҳои намунаи соли 2014 то 15 августи соли 2019 сабти ном мекарданд. Ва моҳи августи соли 2019 муҳлати дубора сабти ном намудани онҳо то шаш моҳи дигар — то 15 феврали соли 2020 тамдид шуда буд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2020 муҳлати мазкур то 15 феврали соли 2022 тамдид шуд.

 

АКС аз бойгонӣ

Февраль 2, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд