«Нашрияҳои маҳаллӣ: имконият ва воқеият». Таҳти чунин унвон дар Хатлон машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар мавзӯи «Нашрияҳои маҳаллӣ: имконият ва воқеият» бо иштироки 30 нафар сармуҳаррирони нашрияҳои даврии маҳаллии вилояти Хатлон машғулияти омӯзишии серӯза оғоз гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, машғулияти омӯзишӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мусоидати Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» сурат мегирад.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории ин давраи омӯзишӣ- сайқал додани маҳорати нигорандагӣ, пешбурди фаъолияти идораи нашрияҳои маҳаллӣ бо дарназардошти тамоюлҳои нави журналистикаи муосир, мусоидат барои такмили ихтисоси сармуҳаррирон ва мухбирони суратгири нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ мебошад.
Тавре омӯзгори машғулияти омӯзишӣ аз Академияи ВАО Мухтор Боқизода зикр намуд, иштирокчиён давоми се рӯзи оянда доир ба нақши сармуҳаррир, ҷонишин ва котиби масъул дар идораи рӯзнома, дарёфт, дастрасӣ ва интихоби сарчашма, тартиби назорати ахбор, назокати таҳрир, ташхиси саҳеҳияти ахбори дастрасшуда, суратнигорӣ, тартиб додани композитсияи суратҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти рӯзноманигорӣ табодули афкору таҷриба менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон соли 2020 барои пешрафти фаъолияти нашрияву маҷаллаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва кафедраҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои Бохтару Кӯлоб ҷамъан 36 адад компютер ва 36 адад принтер ба маблағи 156 ҳазору 600 сомонӣ харида, ба ҳар редаксия дастрас намуд. Ҳамзамон дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 171 ҳазору 700 сомонӣ 34 адад дастгоҳи аккосӣ барои бо сифати баланд гирифтани аксҳо харид шуда, ба масъулини нашрияҳои маҳаллӣ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






