Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи панҷ нишондиҳанда ҷамъбаст карда мешаванд

Февраль 24, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои пешакии маъракаи муҳими  сиёсӣ-барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020  гузаронида шуд, семоҳаи якуми соли 2021  аз рӯи панҷ нишондиҳанда – шумораи умумии аҳолӣ, ҷинсият, шумораи аҳолии маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот ва шумораи аҳолии муваққатан ғоиб ҷамъбаст карда мешавад.  Натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил давра ба давра давоми солҳои 2021 – 2023 аз рӯи 124 нишондиҳанда ҷамъбаст ва дастраси аҳолӣ мегардад.

Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  Агентӣ тасмим гирифтааст, ки пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 бо намояндагони вазорату идораҳо ва воситаҳои ахбори омма нишасти хабарӣ  барпо намояд.

Тавре директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода  зимни нишасти матбуотии ин ниҳод 18 феврали соли равон зикр намуд, дар маъракаи барӯйхатгирии соли 2010 зиёда аз 34 ҳазор нафар кормандони муваққатӣ ба кор ҷалб гардида буданд. Ин теъдод соли 2020 ба 27 ҳазору 410 нафар корманди муваққатӣ расид,  яъне қариб 7 ҳазор нафар кам гардид. Омили кам гардидани кормандони муваққатӣ- ин истифодаи технологияи замонавӣ, яъне усули ҳисоби электронӣ мебошад. Ба ин усул қариб 40 фоизи аҳолӣ фаро гирифта шуданд, ки натиҷаи беҳтарин ҳисобида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҷумҳурӣ  барўйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида шуд. Агентии омори назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ин маъракаи умумиҷаҳонӣ «Барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020»-ро тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ    ва фонди манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз-яъне пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз  сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот сурат гирифт.

Дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 технологияи муосир истифода шуда, беш аз 35 ҳазор барӯйхатгирандагон фаъолият намуданд.  Айни замон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1.3 миллион хоҷагӣ мавҷуд аст, ки ба ҳар нафар барӯйхатгиранда 400 хоҷагӣ рост омад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», ки 19 майи соли 2009   қабул шудааст, ин маъракаи муҳими сиёсӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ новобаста аз вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000- ум бори аввал барўйхатгирии аҳолӣ, соли 2010 барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронид.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 24, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо вохӯрӣ доир шуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд
Дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии Тоҷикистон шакли намунавӣ амалӣ мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид
Тавассути «Почтаи Тоҷикистон» беш аз 27 миллион рӯзномаю маҷалла ба мизоҷон расонида шуд
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад