Неруҳои десантӣ 42 нафарро аз банди «Толибон» дар Бағлон наҷот доданд

Февраль 17, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Афғонистон бо пахши як изҳорот эълом доштааст, ки неруҳои махсуси десантӣ шаби гузашта (16 феврал) амалиётеро барои ишғол намудани зиндони «Толибон» дар деҳаи Алӣ Хоҷаи вилояти Бағлон оғоз карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи иттилоотии “Ariana News”.

Дар изҳорот қайд шудааст, ки дар натиҷаи амалиёт 42 нафар, аз ҷумла 25 низомӣ ва 17 ғайринизомӣ, аз зиндони «Толибон» озод карда шуданд.

Вазорати мудофиа афзудааст, ки ин афрод аз даҳ рӯз то ду сол дар асорати «Толибон» буданд ва мавриди шиканҷа низ қарор гирифтаанд.

«Танҳо дар 30 рӯзи охир неруҳои амниятӣ ва дифоии кишвар тақрибан 100 нафар бегуноҳро аз дасти «Толибон» наҷот доданд», — омадааст дар изҳороти  вазорати мудофиаи ҶИА.

Гурӯҳи «Толибон» дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардааст.

Февраль 17, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд