Нуралӣ Шоҳиён: Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара таҳсил ва таҷрибаомӯзии худро дар хориҷа гузарониданд
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 октябри соли 2020 оид ба татбиқи навгониҳои таҷрибавии низоми таҳсилоти олии мансуб ба давлатҳое, ки ба Ҷараёни Болон- раванди конвергенсия ва ҳамоҳангсозии системаҳои таҳсилоти олӣ дар Аврупо бо мақсади ташкили минтақаи ягонаи таҳсилоти олии аврупоӣ ворид гардидаанд ва дигар давлатҳои мансуб ба рушди инноватсионӣ дар сохтор ва факултетҳои Донишгоҳи давлатии Данғара бо истифода аз таҷрибаи давлатҳое, чун Ҷумҳурии Мардумии Чин, Швейтсария, Германия, Австрия, Сингапур, Ҳиндустон, Нидерландия, Федератсияи Россия, Украина, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Қазоқистон ва Ӯзбекистон давраи омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи ин давлатҳо оғоз гардид, ки он то 1 июни соли 2021 меёбад. Дар зарфи камтар аз чор моҳи амалӣ гардидани ин раванд аллакай 176 нафар донишҷӯи донишгоҳ таҳсили худро дар Академияи давлатии кишоварзии Приморскийи Федератсияи Россия идома дода, як қисми донишҷӯёни факултети Агробиология, стандартизатзия ва тибби байторӣ дар доираи барномаи IBW (Internationale berufliche Aus-und Weiterbildung) барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Германия сафарбар гардида, аз нозукиҳои соҳаи кишоварзӣ бархурдор гардиданд.
Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён 9 феврал зимни нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт.
Зикр шуд, ки дар сохтори идоравии Донишгоҳи давлатии Данғара “Биржаи озоди меҳнат ва рушди фаъолияти соҳибкории донишҷӯён” дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фарогирии донишҷӯён ба таҳсил, муҳайё намудани шароит оид ба боварибахшӣ ба қобилият, неруи зеҳнӣ ва эҷодӣ, муайян намудани роҳ ба сӯи саодатмандӣ дар ҳаёт, дарёфти одитарин дороии молиявӣ дар марҳилаи аввал таъсис дода шудааст. Тайи солҳои 2017-2021 пас аз машғулияти дарсӣ 655 нафар донишҷӯёни ниёзманд ба кор сафарбар карда шуда, соли равон дар доираи ҳамкории судманд бо ҶСП “Ҷунтай-Данғара син-силу тексил” 50 нафар ва ба корхонаи афшураи меваю сабзавоти ноҳия 40 нафар донишҷӯён ба кор ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ равон гардиданд.
Нуралӣ Шоҳиён гуфт, ки донишгоҳ имрӯзҳо дар самти омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни педагогӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, муҳандисию технологӣ ва ғайра фаъолияти пурсамар менамояд. Тавассути тарбияи мутахассисон дар таҳсили рӯзона ва фосилавию ғоибона донишгоҳ ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳо дар вилояти Хатлон бо кадрҳои омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ саҳми муассир мегузорад. Соли 2020 аз шумораи умумии 849 нафар 152 нафари онҳо соҳиби ихтисоси омӯзгорӣ гардиданд, ки аз ин шумора 51 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тасмим гирифтааст, ки вобаста ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 2 китоби соҳавиро бо номҳои “Иқтисодиёти деҳот” ва “Иқтисоди оилавӣ” таҳия ва нашр намояд.








Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг вохӯрӣ намуд
«ШОҲНОМА»-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳри Гулистон ин асари безавол тақдим мегардад






