Нуралӣ Шоҳиён: Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара таҳсил ва таҷрибаомӯзии худро дар хориҷа гузарониданд

Февраль 10, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 октябри соли 2020 оид ба татбиқи навгониҳои таҷрибавии низоми таҳсилоти олии мансуб ба давлатҳое, ки ба  Ҷараёни Болон- раванди конвергенсия ва ҳамоҳангсозии системаҳои таҳсилоти олӣ дар Аврупо бо мақсади ташкили минтақаи ягонаи таҳсилоти олии аврупоӣ ворид гардидаанд ва дигар давлатҳои мансуб ба рушди инноватсионӣ  дар сохтор ва факултетҳои Донишгоҳи давлатии Данғара бо истифода аз таҷрибаи давлатҳое, чун Ҷумҳурии Мардумии Чин, Швейтсария, Германия, Австрия, Сингапур, Ҳиндустон, Нидерландия, Федератсияи Россия, Украина, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Қазоқистон ва Ӯзбекистон давраи  омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи ин давлатҳо оғоз  гардид, ки он то 1 июни соли 2021 меёбад.  Дар зарфи камтар аз чор моҳи амалӣ гардидани ин раванд аллакай  176 нафар донишҷӯи донишгоҳ таҳсили худро дар Академияи давлатии кишоварзии Приморскийи Федератсияи Россия идома дода, як қисми донишҷӯёни факултети Агробиология, стандартизатзия ва тибби байторӣ дар доираи барномаи IBW (Internationale berufliche Aus-und Weiterbildung) барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Германия сафарбар гардида, аз нозукиҳои соҳаи кишоварзӣ бархурдор гардиданд.

Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён 9 феврал зимни нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт.

Зикр шуд, ки дар сохтори идоравии Донишгоҳи давлатии Данғара “Биржаи озоди меҳнат ва рушди фаъолияти соҳибкории донишҷӯён” дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фарогирии донишҷӯён ба таҳсил, муҳайё намудани шароит оид ба боварибахшӣ ба қобилият, неруи зеҳнӣ ва эҷодӣ, муайян намудани роҳ ба сӯи саодатмандӣ дар ҳаёт, дарёфти одитарин дороии молиявӣ дар марҳилаи аввал таъсис дода шудааст. Тайи солҳои 2017-2021 пас аз машғулияти дарсӣ 655 нафар донишҷӯёни ниёзманд ба кор сафарбар карда шуда, соли равон дар доираи ҳамкории судманд бо ҶСП “Ҷунтай-Данғара син-силу тексил” 50 нафар ва ба корхонаи афшураи меваю сабзавоти ноҳия 40 нафар донишҷӯён ба кор ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ равон гардиданд.

Нуралӣ Шоҳиён гуфт, ки  донишгоҳ имрӯзҳо дар самти омода намудани мутахассисони  соҳаҳои гуногуни педагогӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, муҳандисию технологӣ ва ғайра фаъолияти пурсамар менамояд. Тавассути тарбияи мутахассисон дар таҳсили рӯзона ва фосилавию ғоибона донишгоҳ ҷиҳати  таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳо дар вилояти Хатлон бо кадрҳои омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ саҳми муассир мегузорад.   Соли 2020 аз шумораи умумии 849 нафар 152 нафари онҳо соҳиби ихтисоси омӯзгорӣ гардиданд, ки аз ин шумора 51 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тасмим гирифтааст, ки вобаста ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 2 китоби соҳавиро бо номҳои “Иқтисодиёти деҳот” ва “Иқтисоди оилавӣ” таҳия ва нашр намояд.

Февраль 10, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад