ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр бориши сусти барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои доманкӯҳӣ борон борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.








Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад






