Оилаҳои хонандагони осебпазири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон аз кумакҳо бархӯрдор гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ бо дастгирии молиявии Федератсияи Россия ба оилаҳои хонандагони осебпазири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон расонидани кумакро оғоз намуд. Кумаки маводи ғизоӣ аз орди гандуми ғаникардашуда ва равғани растанӣ иборат мебошад. Мувофиқи нақша, то охири моҳи феврал волидайни ниёзманди хонандагони синфҳои аз 1 то 4-и вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин шаҳри Роғун ва ноҳияҳои водии Рашт низ аз чунин кумакҳои ғизоӣ баҳраманд хоҳанд шуд.
Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семенович Лякин-Фролов зикр намуд, ки солҳои зиёд аст Россия дар ташкили системаи самарабахши ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон кумак мерасонад. Бо назардошти пандемияи коронавирус барои мо расонидани кумаки иловагии мақсаднок ба мактаббачагон ва оилаҳои онҳо муҳим буд. Мо бовар дорем, ки ин на танҳо ғизонокии онҳоро ғанӣ мекунад, балки ба ноилшавии натиҷаҳои беҳтари таълимии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон муовини директор ва иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Марико Кавабата иброз дошт, ки «мо аз Федератсияи Россия барои саҳмгузорӣ дар Барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ миннатдорем. COVID-19 ба ғизо ва амнияти ғизо дар хонаводаҳо, алалхусус дар байни аҳолии осебпазир таъсири худро гузошт. Ин саҳми иловагӣ ба мо имкон фароҳам меорад, то кумаки озуқавориро дар давраи авҷи мушкилиҳо ба оилаҳои хонандагони осебпазир расонем».
Кумаки мазкур бахше аз Барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ боқӣ мемонад, ки дар он зиёда аз 600 ҳазор хонандагони синфҳои аз 1 то 4 дар 2 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 52 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фаро гирифта шудаанд.
Бояд гуфт, ки аз соли 1999 инҷониб Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар самти такмили системаи миллии ғизои мактабӣ ҳамкорӣ менамояд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






