Ғолибони бозиҳои даври дуюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозии дуюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 13 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯбол баргузор шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вохӯрии ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯбол хатм шуд. Нахустин шуда дар дақиқаи 18-ум Аваз Қамчинов дастаи «Равшан-ро ба пеш баровард. Аммо хурсандии футболбозони дастаи «Равшан» дер давом накард, чаро ки дар дақиқаи 32-юм легионери дастаи КМВА – Феликс натиҷаро баробар кард. Кӯшишу талошҳои футболбозони кӯлобӣ самар оварду дар дақиқаи 57-ум боз Аваз Қамчинов гол зада, ба дастааш пирӯзӣ овард. Баъди ин бозӣ дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо касби 6 хол дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи «А» қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври сеюм имрӯз, 15 феврал дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе рақобат мекунад.
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи финалӣ
Гурӯҳи «А». Даври 2-юм
КМВА – «Равшан» – 1:2
Голҳо: Аваз Қамчинов, 18 (0:1). Феликс Тиетзе, 36 (1:1). Аваз Қамчинов, 57 (1:2).
Аввалин иштирокчии даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон муайян шуд. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, ки дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа пай дар пай пирӯзии дуюм ба даст овард, дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб кард ва ба даври ½-финалӣ баромад. Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ дастаи «Хатлон» бар дастаи «Регар-ТадЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1: 0 ғолиб омад. Голи пирӯзиоварро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 86-ум ба нишон расонид.
Дар гурӯҳи «А» дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе намояндаи вилояти Суғд — дастаи «Мастчоҳ»-ро бо натиҷаи калони 6:1 мағлуб намуд.
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи финалӣ
Гурӯҳи «А». Даври 2-юм
«Истиқлол» – «Мастчоҳ» – 6:1
Голҳо: Салам Ашурмамадов, 17 (1:0). Ромиш Ҷалилов, 25 (2:0). Салам Ашурмамадов, 27 (3:0). Салам Ашурмамадов, 31 (4:0). Рустам Соиров, 44 (5:0). Рустам Соиров, 69 (6:0). Дилшодбек Рустамзода, 90 (6:1).
Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 0:1
Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 86.
15 феврал
Гурӯҳи «А»
10:30 – «Мастчоҳ» – КАВА. Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе,
14:00 – «Равшан» – «Истиқлол». Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
Гурӯҳи «Б»
10:30 – «Барқчи» – «Регар-ТадАЗ». Дар варзишгоҳи марказии
шаҳри Ҳисор








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






