Олимон зимистони оянда хуруҷи якбораи сирояти ҷиддии зукомро пешгӯӣ мекунанд

Февраль 2, 2021 10:46

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вирусшиносон хавотиранд, ки бинобар аксар чораҳои маҳдудкунандаи вобаста ба боз доштани COVID-19 масунияти дастаҷамъӣ нисбат ба дигар бемориҳои роҳҳои нафас, аз ҷумла зуком осеб дидааст. Ин метавонад зимистони оянда боиси хуруҷи сирояти ҷиддии зуком шавад, менависад рӯзномаи «Известия». 

Ба паҳншавии зуком, ҳамчунон ба дигар бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ, тадбирҳое, ки ба таври васеъ ба муқобили COVID-19 андешида мешаванд:  пӯшидани ниқоб, худмаҳдудкунӣ, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва ғайра таъсир калон мерасонанд.

Дар натиҷа соли равон мо воқеан коҳиши бемории зукомро мушоҳида мекунем, иттилоъ додааст ба «Известия» Олег Батишев, дотсенти кафедраи биофизикаи Институти физика ва техникаи Москва, дотсенти кафедраи физикаи системаҳои зиндаи назди Донишкадаи физикӣ — техникии Москва.

«Аммо ҳар гоҳ, ки чораҳои пешгирии сирояти коронавируси нав сабук карда шаванд, табиатан дигар вирусҳои роҳҳои нафаскашӣ, аз ҷумла вируси зуком зудтар паҳн мешаванд. Дар натиҷа афзоиши бемориҳоро дар муқоиса бо соли 2020 интизор шудан мумкин аст, — қайд кард мутахассис.

Дар Россия зуком метавонад ҳамин баҳор густариш ёбад, изҳор намуда буд пештар муовини директор оид ба корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ба номи Н.И. Смородинсеваи Вазорати тандурустии Федератсияи Россия Даря Даниленко.

 

АКС аз РИА «Новости»

Февраль 2, 2021 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон